Озмуни "Дастурхони таомҳои миллӣ"
Озмуни "Дастурхони таомҳои миллӣ"
6 марти соли 2023 дар Маркази таълимии минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ, ва ядроии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) ҷиҳати таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи занону ҷавондухтарон дар ҳаёти фарҳангию ҷамъиятӣ озмуни «Дастурхони таомҳои миллӣ», бахшида ба ҷашни давтии Рӯзи Модарон баргузор гардид.
Озмун байни магистрантҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти роҳбарии номзади илмҳои биология, мудири шӯъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ, ва раиси Шӯрои олимони ҷавони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон, Мамадюсуфова Мену Ғуломайдаровна доир гардид. Шартҳои асосии озмун аз тарзи омодасозии таоми миллӣ ва муаррифии он иборат буд.
Мусобиқа дар фазои гарму самимии дӯстона сурат гирифт. Иштирокчиёни озмун таомҳои гуногуни миллӣ омода намуда, аз раванди таомпазӣ, ки дар озмун пешниҳод гардида шуд, наворҳои ҷолиб гирифтанд ва яке аз дастаҳо бо рақсҳои миллӣ, ки инкосгари манотиқҳои мухталифӣ ҷумҳуриро муарифӣ мекард, хотири меҳмонон ва ҳозиринро шод намуданд.
Ҳамчунин дар озмун аъзоёни Бахши миллии WiN Global «Хонуми ядроӣ» (WiN Tajikistan) Муминова Меҳрангез ва Боқиева Шоира, оид ба пухтани таоми миллии «оши-бурида» дарси маҳоратӣ гузарониданд. Онҳо аз таҷриба ва асрори тайёр кардани ин таом ба иштирокчиёни озмун қисмат намуданд.
Бояд қайд кард, ки баргузории чунин озмунҳои аз ҷониби Бахши милли “Хонуми ядроӣ” барои тарбия намудани ҳам ҷонишманд ва ҳам як катбонуи рузгордор дар дар симои ҷавондухтарон дар ҳаёти мутақилона боис гардад.